Ширкати Сомон Эйр парвозҳои худ ба Истанбулро афзоиш медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86300
Ширкати Сомон Эйр парвозҳои худ аз Душанбе ба Истанбулро афзоиш медиҳад ва ҳафтаи се бор дар ин масир мусофиронро ҷо ба ҷо хоҳад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 24, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Сомон Эйр парвозҳои худ ба Истанбулро афзоиш медиҳад
    Ширкати Сомон Эйр парвозҳои худ ба Истанбулро афзоиш медиҳад

Ширкати Сомон Эйр парвозҳои худ аз Душанбе ба Истанбулро афзоиш медиҳад ва ҳафтаи се бор дар ин масир мусофиронро ҷо ба ҷо хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Сомонаи нашрияи Тоҷикистон то ба ҳол парвоз дар ин масир ҳафтаи як бор анҷом мешуд.

Муддати парвоз аз Душанбе ба Истанбул 3 соату 30 дақиқа мебошад ва рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе аҷном мешвад. Ҷониби Туркия таъкид карда аст, ки мусофирони тоҷикистонӣ бояд дорои гузарнома бо эътибори на камтар аз 150 рӯз бошанд, ҳамчунин гувоҳиномаи озмоиши манфии бемории Ковид-19ро низ бо эътибори 72 соат қабл аз парвоз ироа намоянд.