Май 25, 2022 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии амният дар Қатар

Намояндагони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии амният дар Қатар ширкат карданд.

Гуруҳе аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба раёсати Саид Раҳмонзода, муовини вазири умури дохила барои ширкат дар чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии бехатарӣ ва амнияти Қатар - 2022 озими Доҳа, пойтахти Қатар шуд.

Саид Раҳмонзода дар ин сафар бо генерал Саъд бин Ҷосим Алхалафи, муовини вазири кишвари Қатар дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди ҳамкориҳои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистону Қатар ва бар ин асос барномаҳои баъдӣ барои иҷрои мувофиқатномаи байнидавлатии ҳамкориҳои амниятӣ баҳсу табодули назар карданд.

 

Барчасп