Май 26, 2022 09:21 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Тоҷикистон бо раванди сохти нерӯгоҳи Роғун ошно шуд
    Нахуствазири Тоҷикистон бо раванди сохти нерӯгоҳи Роғун ошно шуд

Нахуствазири Тоҷикистон бо сафар ба маҳли сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо идомаи сохти ин тарҳи муҳими энергетикаи ин кишвар ошно шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Қоҳир Расулзода аз раванди идомаи сохти ин нерӯгоҳ ба махсусан бахшҳои эминсозии соҳили садди 335 метри, омодасозии маҳали насби турбинҳо ва ҳифори тунелҳо боздид кард.

Назуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи ситоди муштараки кишвари сохти нерӯгоҳи Роғун ба зарурияти тасреҳ дар раванди сохти ин тарҳи муҳими энергетикаи Тоҷикистон таъкид кард.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз будҷети давлат барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли ҷорӣ хабар дода буд.

Аз соли 2008 то кунун барои идомаи сохти ин неругоҳ 37 миллиарду 700 миллион сомонӣ манобеъи молӣ харҷ шуда аст.

Нерӯгоҳи Роғун бо шаш турбин ва садди хокии 335 метри ва зарфияти тавлиди 17 миллион киловат соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Гуфта мешвад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.