Кумаки молии Олмон барои сохти нерӯгоҳи Себзор дар вилояти Бадахшон
Олмон барои идомаи сохти нерӯгоҳи Себзор дар вилояти Бадахшон 17 миллиону 400 ҳазор евра ихтисос дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, созишномаи идомаи сохти нерӯгоҳро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Амрихон Раҳимов, мудири ширкати барқи Бадахшон ва Эндрус Шнайдер, намояндаи барномаи рушди Олмон дар Осиёи Марказӣ имзо карданд.
Пештар давлати Олмон барои сохти ин нерӯгоҳ 17 милиллон евра ва Иттиҳодияи Аврупо 19 миллион евра ихтисос дода буд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон неругоҳи барқи обии Себзор метавонад бо тавлиди 110 миллион киловат соат барқ дар соли ниёзи ҳудуди 220 ҳазор нафар аз сокинони манотиқи вилояти Бадахшон ба неруи барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳор ва тобистон низ заминаи содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам кунад.
Бо сохти ин нерӯгоҳ ҳудуди 60 нафар аз коргарони ноҳияи Роштқалаи вилояти Бадахшон шуғл эҷод мешавад.
Бештар бихонед: