Май 26, 2022 12:53 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 50 дарсадии муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия
    Афзоиши 50 дарсадии муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия

Мизони муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия дар моҳҳои январ то охири апрели соли ҷорӣ 50 дарсад рушд дошта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, ин матлаб дар дидори мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо намояндагони маҳфилҳои саноати ва бозаргонии вилояти Санкт-Петербуруги Русия дар Душанбе унвон шуд.

Гуфта мешавад, ки дар 4 моҳи соли ҷорӣ мизони муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия ба 467 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди 50 дарсад афзоиш ёфта аст.

Аз ин мизон 100 миллион доллар саҳми муъомилоти тиҷоратии вилояти Санкт-Петербурги Русия бо Тоҷикистон буда аст.

Русия муҳимтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст соли 2021 арзиши муъомилоти тиҷоратии ду кишвар ба 1 миллиарду 300 миллион доллар расид.

Барчасп