Май 27, 2022 17:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафирони Эрону Тоҷикистон дар Русия

Сафирони Эрону Тоҷикистон дар Маскав дар бораи равобити Теҳрон ва Душанбе ва сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода ва Козими Ҷалолӣ, сафирони Тоҷикистон ва Эрон дар Маскав бо ибрози ризоят аз вазъияти кунунии равобити байни Душанбе ва Теҳрон, сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишварро табрик гуфтанд.

Сафирони Тоҷикистон ва Эрон дурнамои таомули ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла тақвияти равобит дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, гардишгарӣ ва беҳдоштиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин тарафайн дар бораи мавзуоти минтақаӣ ва байналмилалии мавриди алоқа табодули назар карданд. Сафирони Тоҷикистон ва Русия дар Русия бо таъкид ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, ки миллатҳои ду кишварро пайванд медиҳад, омодагии худро барои пешбурди тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва таҳкими равобити дӯстона байни Тоҷикистону Эрон эълом карданд.

 

Барчасп