Май 28, 2022 18:34 Asia/Dushanbe
  • Аз сар гирии парвозҳои ширкати Сомон Эйр ба шаҳрҳои Русия
    Аз сар гирии парвозҳои ширкати Сомон Эйр ба шаҳрҳои Русия

Ширкати ҳавопаймоӣ Сомон Эйри Тоҷикисон парвозҳои муназзами худро дар масирҳои Душанбе-Қазан ва Хуҷанд-Новосибрск-Хуҷанд аз сар хоҳад гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, мақомоти ширкати ҳавопаймоӣ Сомон Эйр эълом карданд, ки дар моҳи июн парвозҳои муназзамин худро дар масирҳои Душанбе-Қазан-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибрск-Хуҷанд аз сар хоҳад гирифт.

Аз 9 июн парвозҳо ба масирҳои Қазан ва Новасибрск як бор дар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе анҷом мешавад.

Замони парвози рафт аз Душанбе ба Қазан дар соати 7:40 ва баргашт ба Душанбе соати 21:00 ба вақти маҳлли таъин шуда аст.

Парвози рафт аз Хуҷанд ба Новасибрск соати 20:30 дақиқа панҷшанбе ва парвози баргашт соати 03:30 ҷумъа шаб анҷом мешавад.

Барчасп