Май 29, 2022 08:52 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарварии ҳайати баландпояи сиёсӣ - иқтисодӣ ба Теҳрон сафар мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ( якшанбе ) 29 маи 2022 дар сарварии ҳайати баландпояи сиёсӣ - иқтисодӣ ба даъвати расмии Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон сафар мекунад .
Истиқболи расмӣ, гуфтугӯи дуҷонибаи раисони ҷумҳур, машварати ҳайатҳои олии Эрону Тоҷикистон, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ва мусоҳибаи матбӯотии руасои ҷумҳӯри ду кишвар аз барномаҳои ин сафари дурӯза аст .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони сентябри 2021 ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ва низ ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Шанхай ба Душанбе сафар кард, ки дар он 8 санади ҳамкории байни Эрону Тоҷикистон имзо шуд .

 

Барчасп