Умедвории Тоҷикистон ба дарёфти қарз аз Сандуқи байналмилалии пул
Муовини аввали Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳайати Сандуқи байналмилалии пул дар моҳи август барои музокира дар бораи ихтисоси воми 500 миллион долларӣ ба Душанбе сафар мекунад ва ин вом ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард то паёмадҳои ногувори буҳрони молиро ҷуброн кунад.
Муовини аввали Бонки миллии Тоҷикистон аз музокироти ин ниҳод бо Сандуқи байналмилалии пул барои дарёфти 500 миллион доллар вом дар моҳи август хабар дод.
Ба гузориши "Рейтер", Ҷамолиддин Нуралиев гуфтааст, ки ҳайати Сандуқи байналмилалии пул дар моҳи август барои музокира дар бораи ихтисоси воми 500 миллион долларӣ ба манзури ҳимоят аз иқтисоди ин кишвар ба Душанбе сафар мекунад.
Ба гуфтаи ин мақоми бонки Тоҷикистон, ин вом ба Душанбе кӯмак хоҳад кард то паёмадҳои ногувори буҳрони молии ношӣ аз коҳиши даромадҳои ирсолии коргарони муҳоҷирашро ҷуброн кунад.
Давраи нахусти музокирот миёни мақомоти иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи байналмилалии пул моҳи феврал баргузор шуд.
Масъулони Сандуқи байналмилалии пул ихтисоси ин вомро ба Тоҷикистон ба анҷоми ислоҳот дар низоми иқтисодии ин кишвар ва озод кардани муомилоти арзӣ машрут кардаанд.
Иқтисоди Тоҷикистон дар пайи буҳрони молии Русия дар солҳои 2014 ва 2015 ва коҳиши қобили мулоҳизаи даромадҳои ирсолии коргарони муҳоҷири ин кишвар ба шиддат дучори осеб шуд.
Дар пайи ин буҳрон даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия аз ҳудуди 4 миллиард доллар дар соли 2014 ба 2 миллиарду 20 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиши 22 дарсадии интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия дар шаш моҳи нахусти имсол хабар додаанд.