Май 29, 2022 18:00 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Теҳрон шуд
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Теҳрон шуд

Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дақоиқе пеш бо истиқболи вазири нерӯи Эрон вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон ки дар садри ҳайате баландпоя ба Эрон сафар кардааст, лаҳазоте пеш дар фурудгоҳи Меҳробод мавриди истиқболи Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон қарор гирифтааст.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ шаҳривармоҳи соли 1400 ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ва низ ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Шанхай ба Душанбе сафар кард, ки дар ҷараёни он ҳашт санади ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзои мақомоти ду кишвар расид ва ҳамчунин  раванди узвияти расмии Эрон дар Созмони Шанхай оғоз шуд.

Гуфтугӯ ва ройзаниҳои олии ду кишвар, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз ҷумлаи барномаҳои сафари Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон аст.

Барчасп