Паёми таслияти Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумуҳурии Исломии Эрон
(last modified Sun, 29 May 2022 13:23:50 GMT )
Май 29, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумуҳурии Исломии Эрон
    Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумуҳурии Исломии Эрон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷон бохтани ҷамъе аз мардум дар ҳодисаи бурҷи Метрополи Ободонро ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таслият гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе дар паёми таслияти худ ба дунболи ҳодисаи Метрополи Ободон хитоб ба оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ овардааст: Хабари фурӯ рехтани бино дар шаҳри Ободон, дар устони Хузистони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти ҷонии бисёр шуд, моро сахт андуҳгин кард.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба ҷаноби олӣ ва ба наздикону хешовандони қурбониёни ин ҳодиса ҳамдардӣ ва таслияти хешро изҳор карда ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳон ҳастам.