Май 29, 2022 18:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ботканд
    Дидори додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ботканд

Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи Ботканд дидор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Юсуф Раҳмон ва Курмонкул Зулушов, додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилояти Ботканд дидор дар мавриди интиқоли маҳкумон барои гузарондани даврони маҳкумият дар кишварҳои худ ва пешгири аз даргириҳои марзӣ гуфтугӯ карданд.

Дар ин нишаст намояндагони марбута аз ниҳодҳои назоратии ду кишвари ҳамсоя, додситонҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва манотиқи ҳамҷавор ҳузур доштанд.

Дар ин дидор ҳарду тараф дар мавриди ҳамкориҳои ду ҷониба дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқ ва манофеъи шаҳрвандон махсусан интиқоли маҳкумон ба идомаи иҷроӣ муҷозот ва ҳамчунин пешгири аз даргириҳои марзӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин бар тақвияти ҳамкориҳои байни бахши, эҷоди тамосҳои кории мустақим байни додситонҳои манотиқи марзӣ ва манотиқи ду кишвар дар чорчуби мувофиқатномаҳои чандҷониба ва ду ҷонибаи мавҷуд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон тарафайни он ҳастанд тавофуқ шуд.

Соли 2021 дар вилояти Суғди Тоҷикистон 39 шаҳрванди қирғизистонӣ ба далели гузари ғайриқонунӣ аз марз маҳкум шуданд.