Май 29, 2022 20:53 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъи Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон тағир накарда аст
    Мавзеъи Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон тағир накарда аст

Мудири маркази пажуҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон эълом кард мавзеъи мақомоти Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон тағир накарда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Хайриддин Усмонзода таъкид кард Тоҷикистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчунон ба мавзеъи хеш мабни бар зарурияти ташкили давлати фарогир бо мушорикати тамоми қавмҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ ва мазҳабии ин кишвар пофишори мекунанд.

Вай афзуд: Зеро ин танҳо роҳи ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон аст.

У муътақид аст дар 10 моҳ аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ҳеҷ тағир дар кам шудани фаъолиятҳои гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар ин кишвар мушоҳида намешавад ва инфиҷорҳо дар маконҳои умумӣ ва кушта ва захми шудани афроди ғайри низомӣ ҳамчунон идома дорад.