Кумаки молии Русия барои дафни зуболаҳои ҳастаии даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i86550-Кумаки_молии_Русия_барои_дафни_зуболаҳои_ҳастаии_даврони_Шуравӣ_дар_Тоҷикистон
Русия барои дафни зуболаҳои ҳастаии даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2022 08:14 Asia/Dushanbe
  • Кумаки молии Русия барои дафни зуболаҳои ҳастаии даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон

Русия барои дафни зуболаҳои ҳастаии даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад.

Ширкати “Русатом” дар муноқисаи барномаи дафни зуболаҳои ҳастаии боқимонда аз даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон баранда шуд ва акнун барномаи ҷомеи дафн ва беасарсозии ин пасмондҳо дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд амалӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, тайи 50 соли фаъолияти корхонаи тасфияи маъдани уран дар даврони Шуравӣ дар атрофи шаҳри Хуҷанд дар қаламрави шаш ноҳияи вилояти Суғд ҳудуди 55 миллион тон зуболаи ҳастаии дафншуда, ки метавонад ба муҳити зисти ин минтақа ва саломатии шаҳрвандон хисороти зиёде ворид кунад.

Ба ин манзур Русия 700 миллион рубл то соли 2023 барои дафни ин зуболаҳо ҳазина хоҳад кард.

Мутахассисон муътақиданд, ки зуболаҳои ҳастаӣ, ки аз даврони Шуравӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст, дар сурати барузи ҳаводиси пешбининашуда монанди сел, зилзила ва рониши замин метавонад хисоратҳои зиёде ба саломати шаҳрвандон ва муҳити зисти ин кишвар ворид кунад.