Май 31, 2022 10:50 Asia/Dushanbe
  • Сафаров: Равобити душанбеу Теҳрон акнӯн вориди фасли ҷадиде аз тавсеа шудааст
    Сафаров: Равобити душанбеу Теҳрон акнӯн вориди фасли ҷадиде аз тавсеа шудааст

Муовини пешини Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст, ки миёни Душанбе ва Теҳрон ҳечгоҳ бар сари ҳеч масаълае, ихтилофи ҷиддӣ набуда ва дар оянда низ нахоҳад набуд.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, Сайфуллоҳ Сафаров бо ишора ба дидор ва гуфтугӯҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, раисиҷумҳур, муовини аввали раисиҷумҳур, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва имзои 17 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар гуфт, равобити Душанбе ва Теҳрон дар даврони мухталиф бо озмоишҳое рӯба рӯ шуда буд, аммо акнӯн вориди фасли ҷадиде аз густариш ва тавсеа шудааст.

Вай таъкид кард, Эрон дар Тоҷикистон барои такмили ду тарҳи муҳими нақби Истиқлол ва нерӯгоҳи барқӣ обии Сангтуда 2 сармоягузорӣ кард ва акнӯн мақомоти ду кишвар саъй доранд, мизони муомилоти тиҷориро то 500 миллиондоллар дар сол афзоиш диҳанд.

Ба гуфтаи вай, ин тавофуқот заминасози густариши беш аз пеши равобити ду кишвар дар тамомии заминаҳо хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп