Май 31, 2022 17:20 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Узбакистон сафар мекунад
    Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Узбакистон сафар мекунад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 2-3 июн дар чорчуби як сафари расмӣ аз Узбакистон боздид мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари ду рӯзаи расмӣ ба Тошканд пойтахти Узбакистон сафар мекунад.

Абдулфатоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт: Ин сафар рӯзҳои 2-3 июн баргузор мешавад.

Интизор меравад дар ин сафар мавзуъоти ҳамкории бештар байни ду кишвар барраси ва равобити дустона беш аз пуш тақвият хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар чорчуби ин сафар бо Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон ва дигар шахсиятҳои расмии ин кишвар дидору гуфтгӯ мекунад.

Бин бар суханони сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни ин сафар имзои чанд санади ҳамкори байни ду кишвар пешбини шуда аст.

Дар чорчуби сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон ҳамчунин музокироти тиҷорӣ, ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмӣ ва амалии минтақавӣ ва чандин руйдоди дигари фарҳангӣ барномарези шуда аст.

Мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2021 мелодӣ 447.8 миллион долларро ташкил дода аст, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 114 миллион доллар 34.2 дарсад бештар шуда аст.

Ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон сардии равобити байни ду кишвар баъд аз солҳои тулонӣ ру ба гармӣ овард. 

Ба ин тартиб баъд аз сафари расмии Шавкат Мирзиёев дар моҳи марти соли 2018 муносибатҳои байни ду кишвар ба кулли тағир кард.

 

Барчасп