Июн 01, 2022 11:00 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии нахуствазири Белорус аз коҳиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон

Нахуствазири Белорус аз коҳиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи хабаргузории давлатии Беларус, Роман Головченко гуфт, тайи семоҳаи нахусти соли ҷорӣ арзиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон 13 миллиону 900 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 30 дарсад коҳиш доштааст.

Вай арзиши содироти Беларус ба Тоҷикистонро 11 миллиону 400 ҳазор доллар ва арзиши воридоти ин кишвар аз Тоҷикистонро 1 миллиону 500 ҳазор доллар эълом кард.

Соли 2021 муомилоти тиҷории ду кишвар ба беш аз 126 миллион доллар расида буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 20 ширкати муштарак бо сармояи Беларус дар бахшҳои тавлиди мошинолоти кишоварзӣ ва маҳсулоти ширӣ фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед: