Июн 02, 2022 09:47 Asia/Dushanbe
  • 285  варзишкор аз 38 кишвар дар 7 вазн дар ин рақобатҳо ширкат хоҳанд кард
    285 варзишкор аз 38 кишвар дар 7 вазн дар ин рақобатҳо ширкат хоҳанд кард

Ҷудукорони тоҷик дар мусобиқоти байналмиллалӣ Тифлис ширкат мекунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, рақобати байналмиллалии ҷуду аз 3 то 5 июн дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон баргузор мешавад.

285  варзишкор аз 38 кишвар дар 7 вазн дар ин рақобатҳо ширкат хоҳанд кард.

Нуралии Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров ( ҳарду дарн вазни то 66 кг) Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов ( ҳарду дар вазни  то 73 кг) Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ( ҳарду дар вазнип то 81 кг), Кароматуллоҳ Ҳакимов ( дар вазни 90 кг), Мансурӣ Раҳмон ва Абубакри Акобир ( ҳарду дар вазни то 100 кг ) ҷудукорони тоҷик дар ин мусобиқот ҳастанд.

Барчасп