Июн 03, 2022 16:42 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқ аз нерӯгоҳи “Роғун” ба Узбакистон

Тоҷикистон содироти барқ аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Узбакистонро оғоз мекунад.

Ба гузориши «Repost.uz», содироти барқ ба сурати маҳдуд аз тобистон оғоз мешавад.

Тавофуқи ниҳоӣ дар мавриди чигунагӣ ва мизони содироту тарофаҳо то поёни соли 2022 барномарезӣ ва эълом хоҳад шуд.

Қарордоди содироти барқ аз нерӯгоҳи “Роғун” ба Узбакистон барои 10 сол баста мешавад. Нерӯгоҳи “Роғун” бо шаш турбина ва садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.

 

Барчасп