Дидори Сарвазири Тоҷикистон бо вазири неруи Эрон
Нахуствазири Тоҷикистон ва вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидоре дар Душанбе заминаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар дидори Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон ва Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон, ки барои ширкат дар дуюмин ҳамоиши байналмилалии сатҳи олии "Об барои тавсеаи пойдор 2018 - 2028" дар Душанбе ба сар мебарад, дар бораи сатҳи феъливу дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодиву тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлунақл, гардишгарӣ ва фарҳангӣ баҳсу табодули назар шуд.
Тарафҳо бо ибрози ризоият аз раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар тайи солҳои ахир бар зарурати амалӣ кардани тавофуқоти имзошуда дар ҷараёни сафари охири Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон таъкид карданд.
Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе низ ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бештар бихонед:
- Душанбе мизбони нишасти кумитаи машваратии «Об барои тавсеаи пойдор»
- Гузориши вижа: Нигоҳе ба конфронси "Об барои рушди пойдор 2018 - 2028" дар Душанбе