Эътирози бархе расонаҳои Тоҷикистон ба афзоиши фишор бар рузноманигорон
-
Эътирози бархе расонаҳои Тоҷикистон ба афзоиши фишор бар рузноманигорон
Теъдоди аз расонаҳои Тоҷикистон бо судури баёнияи муштарак аз афзоиши маҳдудият барои рузноманигорон ва эҷоди манеъҳо барои фаъолият ибрози нороҳати карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, теъдоди аз созмонҳои расонаӣ Тоҷикистон бо судури як баёнияи муштарак аз афзоиши мавориди фишор бар рузноманигорон ва эҷоди монъе барои фаъолияти онҳо ибрози нороҳати карданд.
Дар ин баёнияи муштараки созмонҳои расонаи Тоҷикистон ба таври мушахас ба чанд маврид зарбушатми рузноманигорон ва веблогнависон ишора шуда аст.
Баёнияи муштараки созмонҳои расонаи Тоҷикистон аз сӯи шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, маркази таҳқиқоти рузноманигорон, иттиҳодияи расонаи Тоҷикистон, гуруҳи расонаӣ Азия Плюс, созмони иҷтимоъӣ хома, мушовири расонаи Тоҷикистон ва ҳамчунин нашрияҳои Садои мардум, Минбари халқ, Тоҷикистон ва ғайра имзо шуда аст.