Июн 09, 2022 09:25 Asia/Dushanbe
  • Содироти 420 тонна зардолу аз Конибодоми Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар
    Содироти 420 тонна зардолу аз Конибодоми Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар

420 тонна зардолу аз Конибодоми Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар содир шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Конибодом яке аз ноҳияҳои пешрав дар кошти зардолу аст, ки солона миқдорҳои зиёд аз ин меваро ба кишварҳои хориҷӣ содир мекунад, Конибодом 11 ҳазор гектар боғи зардолу дорад.

Раҷаб Бойаҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз теъдоди боғи зардолу ва замини пахтаи ноҳияи Конибодом боздид кард.

Ӯ дар ин боздид ба масъулон ва кишоварзон тавсея кард қавонин ва усули илмии зироътиро риъоят кунанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи масъулони кишоварзӣ дар 5 ҳазору 402 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Конибодом пахта кишт шуда аст.

 

Барчасп