Июн 09, 2022 20:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистону Қатар бар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба

Дар дидори вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо вазири муҳити зист ва тағироти иқлимии Қатар бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқа таъкид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо  шайх Фолеҳ бин Носир бин Аҳмад бин Алии оли Сонӣ-вазири муҳити зисту тағироти иқлимии Қатар, ки барои ширкат дар дуюмин ҳамоиши байналмилалии «Об барои тавсеаи пойдор 2018- 2028» вориди Душанбе шуда буд,бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқа таъкид шуд.
Дар ин дидор дар хусӯси аҳамияти ибтикороти раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар робита бо дастури кори ҷаҳонӣ дар мавриди об табодули назар шуд.
Ду тараф ҳамчунин дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷонибаву чандҷониба баҳсу гуфтугӯ карданд.
 

 

Барчасп