Ноябр 29, 2016 10:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳадар рафтани беш аз 90 дарсади тавони тавлиди барқ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ин кишвар бо дар ихтиёр доштани 60 дарсад аз манобеи оби Осиёи Марказӣ ва бархурдорӣ аз зарфияти тавлиди 527 миллиард киловатт соат барқ, танҳо аз 3 то 4 дарсади тавони тавлиди барқи худро истифода мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар дуввумин иҷлоси байналмилалии об дар Будапешт, пойтахти Маҷористон афзуд: “Нотавонӣ дар баҳрагирӣ аз ин зарфияти бузурги тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон муҷиб шудааст, ки дар фасли сармо дар ин кишвар маҳдудияти барқ ҷорӣ шавад”.

Вай гуфтааст, ки кишвараш барои таъмини мардум бо оби ошомидании солиму беҳинасозии равишҳои обёрӣ дар бахши кишоварзӣ дар 10 соли ахир беш аз 1 миллиарду 500 миллион доллар ҳазина кардааст.

Раҳмон ҳамчунин бар зарурати ҳамкории ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли ихтилофоти печида бар сари обу энержӣ таъкид кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ба мавзӯи гарм шудани ҳавову таъсири вайронгари олудагии муҳити зист ишора кардаву гуфтааст, ки дар пайи об шудани пиряхҳои табиӣ дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон дар соли 2015, беш аз 600 миллион доллар хисорат ба иқтисоди ин ҷумҳурӣ ворид шуд.

Дар ҳамоиши серӯзаи байналмилалии об дар Будапешт, пойтахти Маҷористон намояндагони 117 кишвари мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд.

 

Барчасп