Эътои иқомати номаҳдуд ба коргарони муҳоҷири мутахассис дар Русия
Думаи давлатии Русия қонуни додани иқомати номаҳдуд ба коргарони муҳоҷири мутахассиси хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳоро тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, шарти эътои ин имтиёз ба ин афрод фаъолияти дусолаи онон дар қаламрави Русия мебошад.
Мутахассисони 87 шуғл, азҷумла муҳандисони саноеи ҳавоӣ, муаллимон, пизишкон, хабарнигорон, мутарҷимони забонҳои хориҷӣ, мудирони ширкатҳои тиҷорӣ ва ошпазҳои ҳирфаӣ аз ҷумлаи афроде мебошанд, ки метавонанд пас аз ду соли фаъолият дар Русия ва пардохти молиёт, иҷозати иқомати номаҳдуд дар ин кишварро дарёфт кунанд.
Ин теъдод аз мутахассисон ҳамчунин барои дарёфти шаҳрвандии Русия аз имтиёзи вижае бархурдор хоҳанд шуд.
Бар асоси гузориши вазорати умури дохилии Русия, тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 331 ҳазору 100 нафар барои кор ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши беш аз себаробариро нишон медиҳад.