Июн 11, 2022 10:13 Asia/Dushanbe
  • Оғози таъмири роҳи Ашт- Хуҷанд бо кӯмакҳои мардумӣ

Идораи роҳдории ноҳияи Ашт таъмири масири маркази ин ноҳия бо шаҳри Хуҷандро, ки 94 километр тӯл дорад, бо 1 миллион сомонии кӯмакҳои мардумӣ оғоз кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ашт, гуфтааст, ки ин масири иртиботӣ бо маркази вилояти Суғд тайи беш аз ду даҳа бозсозӣ ва тармим нашуда буд, ки акнӯн бо кӯмакҳои мардумӣ таъмир хоҳад шуд.

Ноҳияи Ашт яке аз манотиқи 11 гонаи вилояти Суғд мебошад, ки буҷети солиёнаи он 110 миллионсомонӣ мебошад, ки 57 дарсад ё 62 миллион сомонии он аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон ва вилояти Суғд таъмин мешавад.

Таъмири куллии роҳи Хуҷанд – Ашт дар барномаи рушди роҳсозии кишвар барои солҳои 2022-2026 ҳамроҳ шудааст. Ин нукта дар паёми раисҷумҳур зикр шудааст.

 

Барчасп