Баргузории ҷашни милоди имом Ризо (а) дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 11 Jun 2022 08:48:19 GMT )
Июн 11, 2022 13:48 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни милоди имом Ризо (а) дар Тоҷикистон

Ба муносибати хуҷаста солрӯзи милоди имом Ризо (а) ҷашни бошукӯҳе дар маҳали сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба муносибати хуҷаста солрӯзи милоди имом Ризо (а) ҷашни бошукӯҳе бо ҳузури густардаи эрониён ва дӯстдорони аҳли байти исмату таҳорат (а) дар маҳали сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин маросими маънавӣ, ки бо таловати оёти нӯронӣ аз Қуръони Карим оғоз шуд, барномаҳои мутанаввиаи фарҳангӣ ва аз ҷумла қироати мақола ва ашъори зебо ва ирфонӣ дар васфи имом Ризо (а)-ро ба ҳамроҳ дошт.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон тайи суханоне ба табйини фазоили ахлоқӣ ва ибодии шахсияти ҳазрати имом Ризо (а) пардохт.

Сафир Эрон бо баёни инки ҳамаи абъоди зиндагии ҳазрати имом Ризо (а) барои мусулмонон улгӯ ва сармашқ буд, тасреҳ кард, он ҳазрат рафтори паёмбаргуна доштанд ва ба зевари фазоили ахлоқӣ ва камолоти нафсонӣ ороста шуда буданд ва ҳилм, раъфат ва эҳсони эшон шомили хос ва ом мешуд.

Собирӣ дар бахши дигаре аз суҳбатҳои худ, ба манзури ширкати фаъоли ҳуззор дар ин маросими маънавӣ, саволотеро дар мавриди авсофу алқоб ва ҳамчунин вижагиҳои барҷастаи ахлоқӣ ва рафтории имом Ризо (а) матраҳ ва афроди фаъолро бо тақдими ҷавоиз ташвиқ кард.

Ҳамчунин ба касоне, ки ному алқоби имом Ризо (а)-ро доштанд, ҳадоёе тақдим шуд.

Дар бахши дигаре аз ин маросим, Давлатманд Холов, хонандаи машҳури тоҷик чанд оҳанги ирфонӣ иҷро кард, ки таронаи машҳури «шоҳи Хуросон», ки дар васфи ҳазрати имом Ризо (а) сурӯда шудааст, мавриди истиқболи гарми ҳуззор қарор гирифт.

Бештар бихонед: