Июн 12, 2022 09:05 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ширкат кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст вузарои умӯри хориҷа дар бораи вазъияти минтақаӣ ва байналмиллалӣ ва таъсири он бар амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ва беҳбуди абзорҳои вокуниш ба буҳронҳо табодул назар карданд .
Дар идомаи ин нишаст вазирони тарҳи ройзанӣ ва намояндагони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар заминаи сиёсати хориҷӣ, амнияту дифо барои солҳои 2022 то 2024-ро тасвиб карданд .
Нишасти баъдии вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои аъзои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар охири соли 2022 дар Ереван баргузор хоҳад шуд .

 

Барчасп