Июн 12, 2022 19:10 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку
    Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку

Даври ҷадиди ройзаниҳои сиёсӣ миёни муовинони Вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку баргузор гардид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар дидори Содиқи Имомоӣ, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Халаф Халафов ҳамтои озарбойҷонии вай дар Боку ба сатҳи феълии ҳамкориҳо ва дурнамои равобити дукишвар баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст роҳҳои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, сармоягузории муштарак, ҳамлу нақл, транзит, маориф ва илм ва гардишгарӣ мавриди барраси қарор гирифт.

Ҳар ду тараф дар ин дидор мавзуъи таҷлил аз сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатики миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро мавриди барраси қарор доданд.

 

Барчасп