Июн 13, 2022 10:03 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва ширкати молии байналмилалӣ дар талош барои тавсеаи равобит

Дар дидори мақомоти тоҷик ва ширкати молии байналмилалӣ (IFC) роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни ду тараф баррасӣ шуд.

Шараф Шерализода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Фаррух Султонов, раиси дафтари ширкати молии байналмилалӣ дар ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор ҳамкории Тоҷикистон ва ширкати молии байналмилалӣ, азҷумла иртиқои ваҷҳаи ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз тариқи беҳбуди мавозеи ин кишвар дар рутбабандиҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин ҳамкорӣ дар хусуси ташвиқи сармоягузорӣ ва ҷазби сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.

 

Барчасп