Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам карданд
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози даргирии субҳи рӯзи сешанбе, ки сабаби кушта шудани як неруи марзбонӣ ва захмӣ шудани се сарбози тоҷик гардид, муттаҳам карданд.
Ба гузориши сомонаи «АКИ Пресс», Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе тарафи қирғизистониро оғозкунандаи тирандозӣ ба посгоҳи марзии "Кех" дар минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара кардааст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо интишори баёнияе тарафи Тоҷикистонро ба оғози даргирӣ дар марзи муштарак муттаҳам кардааст.
Пас аз дидору гуфтугӯи фармондеҳони посгоҳҳои марзбонии ду кишвар дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд тасмим гирифта шуд, ки хутути дақиқи масирҳои гашти марзбонӣ мушаххас ва аз такрори ин навъ ҳаводис ҷилавгирӣ шавад.