Баррасии раванди аломатгузории ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Thu, 16 Jun 2022 03:53:56 GMT )
Июн 16, 2022 08:53 Asia/Dushanbe
  • Барои мушахас кардани хатҳои марзи аъзои ин коргурӯҳ ба минтақаҳои мавриди ихтилоф рафтанд ва аз наздик ин манотиқро барраси карданд
    Барои мушахас кардани хатҳои марзи аъзои ин коргурӯҳ ба минтақаҳои мавриди ихтилоф рафтанд ва аз наздик ин манотиқро барраси карданд

Аъзои коргуруҳи муштараки аломатгузории Тоҷикистон ва Узбакистон раванди таъйини хатҳои марзии ду кишварро барраси карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин музокирот дар бораи аломатгузории минтақаҳои боқимондаи марзи муштараки ду кишвар баҳсу табодули назар шуд.

Гуфта мешавад, ки тарафҳо ҷузиёти фаннии матни тавофуқи ниҳоиро барои аломатгузории ноҳияҳои марзии ду кишвар омода карданд.

Барои мушахас кардани хатҳои марзи аъзои ин коргурӯҳ ба минтақаҳои мавриди ихтилоф рафтанд ва аз наздик ин манотиқро барраси карданд.

Пеш аз ин Ориф Хоҷазода, раиси кумитаи давлатии замин ва нақшабардории Тоҷикистон эълом карда буд, ки аз 1326 километри марзи муштарка бо Узбакистон бар сари аломатгузори 1319 километр тавофуқ шуда аст.