Вокуниши Тоҷикистон ба даргирӣ ва таниши марзӣ бо Қирғизистон
(last modified Thu, 16 Jun 2022 07:40:16 GMT )
Июн 16, 2022 12:40 Asia/Dushanbe
  • Ин иқдоми ғайри қонуни фақат вазъияти марзиро печида карда ва монеъи ҳифзи фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум ва ҳамҷаворӣ мешавад
    Ин иқдоми ғайри қонуни фақат вазъияти марзиро печида карда ва монеъи ҳифзи фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум ва ҳамҷаворӣ мешавад

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури баёнияе, иқдомоти таҳрикомези низомиёни қирғиз алайҳи ин кишварро маҳкум кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо интишори баёнияе марзбонони Қирғизистонро маҳкум ба иқдомоти таҷовзкоронаи ғайри қобили тавҷеҳ алайҳи ин кишвар кард.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадааст, 14 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи истиҳозии посгоҳи марзии Кех воқеъ дар рустои Ворухи шаҳри Исфара даргирии мусалаҳона рӯх дод, соати 6 ба вақти маҳали, низомиёни Қирғизистон бо силлоҳ ва хумпора ба посгоҳи марзии ёдшуда ҳамла кардаанд.

Бар асари ин иқдоми таҷовӯзкорона фармондеҳи посгоҳи марзии Кех маҷрӯҳ ва ба бемористони рустоҳои Воруғ мунтақил шуд, ки вазъияти вай вахим арзёби мешавад.

Дар натиҷа музокироти фаврӣ байни намояндагони дутараф, ки ба ибтикори ҷониби тоҷик сурат гирифт, дар соати 7:30 дақиқа ба вақти маҳали, оташбас эълом шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба мавориди зер, Тоҷикистон бо таъсуф мутзакир мешавад, ки ин гӯна иқдомоти таҳрикомези Қирғизистон алайҳи тарафи  тоҷик ба таври системетик анҷом мешавад.

Ин иқдоми ғайри қонуни фақат вазъияти марзиро печида карда ва монеъи ҳифзи фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум ва ҳамҷаворӣ мешавад.

Дар ин баёния, ҳамчунин тарафи Тоҷикистон иқдомоти таҳрикомези низомиёни Қирғизистонро маҳкум карда ва хостори иттихози тадобири фаврии Бишкек барои ҷилавгирӣ аз такрори он дар оянда шудааст.