Июн 19, 2022 09:26 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди боздошти думоҳаи Далери Эмомалӣ

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошти муваққати рӯзноманигори тоҷикро тамдид ва парвандаи вайро маҳрамона эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, Абдурраҳмон Шарифов-вакили муттаҳам гуфт: Ба далели имзои таъаҳҳуди катбӣ наметавонад ҷузъиёти парвандаро эълом кунад.
Пеш аз ин Абдурраҳмон Шарифов гуфта буд, ки иттиҳоми Далери Эмомалӣ
фаъолияти ғайриқонунӣ дар бахши соҳибкорӣ ва интишори хабари дурўғ аст .
Ин дар ҳоле аст, ки Созмони рӯзноманигорони бидуни марз бо интишори баёнияе боздошти Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатиро маҳкум ва аз мақомоти қазоии Тоҷикистон дархост кард, ки ин дуро фавран озод кунанд .