Боздошти 39 муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Қрим
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8743-Боздошти_39_муҳоҷири_тоҷикистонӣ_дар_Қрим
39 коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар як амалиёти вижа дар шаҳри Керчи Қрим боздошт шудаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 29, 2016 10:25 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 39 муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Қрим

39 коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар як амалиёти вижа дар шаҳри Керчи Қрим боздошт шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, иллати боздошти ин 39 коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ надоштани иҷозатномаи кор ва патент эълом шудааст.

 Ин коргарони муҳоҷири тоҷикистониро як ширкати сохтмонии  русӣ дар Қрим ба кор гирифта буд.

Додситонии ҷумҳурии Қрим ин ширкати сохтмониробарои ба коргирии шаҳрвандони хориҷӣ бидуни иҷозатномаи кор ва патент 1.4 миллион рубли русӣ, муодили 22 ҳазор доллар ҷарима кард.

Додситонии Қрим аз сарнавишти 39 коргари муҳоҷири боздоштшуда иттилооти бештаре мунташир накардааст.

 Ҷумҳурии Қрим соли 2014 бо баргузории як ҳамапурсӣ ба Русия пайваст.