Сипари кайҳонии Русия дар Тоҷикистон навсозӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i8752-Сипари_кайҳонии_Русия_дар_Тоҷикистон_навсозӣ_шуд
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия маҷмӯаи назорати фазоии ин кишвар дар Тоҷикистон, мавсум ба “Окно” –ро навсозӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 29, 2016 11:48 Asia/Dushanbe
  • Сипари кайҳонии Русия дар Тоҷикистон навсозӣ шуд

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия маҷмӯаи назорати фазоии ин кишвар дар Тоҷикистон, мавсум ба “Окно” –ро навсозӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, полковник Андрей Овшин, муовини фармондеҳи нерӯҳои кайҳонии Русия ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, тақвияти зарфияти ин маркази кайҳонӣ амнияти бештари парвозҳои мушакҳои моҳвораии Русияро таъмин хоҳад кард.

Вай афзуд, ҳамакнун ин имкон фароҳам шудааст, ки ҳамаи ҳаракатҳои кайҳонӣ то беш аз 50 ҳазор километр масофат дар фазо расад ва аз ҳамалоти кайҳонии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ шавад.

 Муовини фармондеҳи нерӯҳои кайҳонии Русия гуфт, ин марказ қодир аст аз бархурди мушакҳои кайҳонӣ бо шаклҳои кӯчаки моҳвораӣ низ ҷилавгирӣ кунад.

Коршиносони маркази назорати низомии кайҳонӣ, “Окно”-ро бахши муҳими сипари ҳавоӣ ва кайҳонии Русия медонанд.

Ба гузориши Вазорати дифои Русия, аз соли 1999 ин марказ беш аз панҷ ҳазор ҷирми кайҳониро шиносоӣ кардааст.

 Ҳамчунин таҷҳизоти ин марказ беш аз 500 партоби мушакҳои кайҳонӣ ва 200 тағйири масири ҳаракати мушакҳои кайҳонии хориҷиро шиносоӣ кардааст.

Маркази “Окно”, ки қаблан “Норак” номида мешуд, дар баландии 2 ҳазор метри кӯҳистони мавсум ба “Санглох” бар фарози обанбори “Норак”-и Тоҷикистон воқеъ аст.

Русия дар соли 2004 ин пойгоҳи назорати кайҳониро дар муқобили 242 миллион доллар вом ба Тоҷикистон, дар ихтиёр гирифт.

 Таъмини ҳифозати ин маркази назорати кайҳониро сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд.