Июн 21, 2022 12:22 Asia/Dushanbe
  • Чархболҳои артиши собиқи Афғонистон ба Тоҷикистон таҳвил дода мешавад

Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Амрико, ки ахиран аз Тоҷикистон дидор карда буд, гуфтааст, ки теъдоде аз болгардҳои артиши собиқи Афғонистон ба Тоҷикистон таҳвил дода хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, генерал Майкл Эрик Курилла ба пурсиши катбии ин хабаргузорӣ дар бораи сарнавишти теъдоде аз болгард ва ҳавопаймоҳои артиши собиқи Афғонистон, ки дар пайи суқӯти Кобул дар моҳи августи соли 2021 ба Тоҷикистон мунтақил шудааст, гуфт, ин таҷҳизот ба ҳеҷваҷҳ ба Афғонистон баргардонда намешавад.

Вай таъкид кардааст, ки ин таҷҳизот ҳеҷ иртиботе бо Толибон надорд ва дар бораи вогузории бахше аз он ба Тоҷикистон тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Ин фармондеҳи амрикоӣ ваъда дод, ки тамоми талоши худро барои таҳвили бахше аз ин таҷҳизот ба Тоҷикистон ба харҷ хоҳад дод.

 

Барчасп