36 миллион доллар арзиши муботилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i87594
Муболоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон дар се моҳи нахусти соли ҷории мелодӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 30 дарсад афзоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 23, 2022 09:18 Asia/Dushanbe
  • Барқ, симон ва бархе анвоъи маҳсулоти ғазоӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир мешавад
    Барқ, симон ва бархе анвоъи маҳсулоти ғазоӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир мешавад

Муболоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон дар се моҳи нахусти соли ҷории мелодӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 30 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, гардиши моллии Тоҷикистон ва Афғонистон дар моҳҳои январ- майи соли ҷории мелодӣ ҳудуди 36.3 миллион доллар баровард шуда , ки тақрибан 30 дарсад бештар аз замони мушобеҳи соли 2021 мелодӣ аст.

Бинобар додаҳои ожонси омори Тоҷикистон, ҳудуди 97 дарсад аз кулли ҳаҷми тиҷорати дуҷониба тайи 5 моҳи имсол бо арзаи маҳсулоти тоҷикӣ ба Афғонистон муртабит аст.

Барқ, симон ва бархе анвоъи маҳсулоти ғазоӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир мешавад.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар ин муддат бо 99 кишвари мухталифи ҷаҳон равобити тиҷори доштааст.

Русия ҳачунон шарики тиҷории асосии Тоҷикистон хоҳад буд ва тиҷорати дуҷонибаи бо ин кишвар беш аз 610 миллион долларро ташкил медиҳад

Бештар бихонед: