Июн 24, 2022 16:29 Asia/Dushanbe
  • Интишори маҷмуаи ашъори панҷ шоири тоҷик дар Сурия

Маҷмуаи ашъори панҷ шоири тоҷик ба забони арабӣ дар Димишқ мунташир шуд.

Интишороти “Амалалҷадида”, дар Димишқ, пойтахти Сурия маҷмуаи ашъори панҷ шоири тоҷик ба номҳои Низом Қосим, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва Доро Наҷотро ба забони арабӣ мунташир кард.

Маҷмуаи ашъорро Назруллоҳи Назар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба арабӣ тарҷума кардааст.

Ин китоб зери назар ва бо муаррифии шоиру мутарҷими машҳури Сурия Иброҳими Истанбулӣ мунташир шуд.

Иброҳими Истанбулӣ мубаллиғи шеъри русӣ дар ҷаҳони араб аст.

Вай ахирани тавваҷуҳи вижае ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик доштаву китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дар ду ҷилд ба арабӣ тарҷума кардааст.

 

Барчасп