Сафари ҳайати тиҷории Тоҷикистон ба Теҳрон
(last modified Sat, 25 Jun 2022 03:32:46 GMT )
Июн 25, 2022 08:32 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати тиҷории Тоҷикистон ба Теҳрон

Ҳайати тиҷории давлати Тоҷикистон ба раёсати муовини аввали вазорати саноат ва технологияҳои нави ин кишвар вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, сафари ин ҳайат дар ростои тавофуқоти чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии илмӣ ва фаннии Эрону Тоҷикистон сӯрат гирифтааст.

Ба ҳамин манзур кумитаи муштараки санъат, маъдану тиҷорати ду кишвар бо ҳузури Алиризо Паймонпок, муовини вазири САМТ ва раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон ва муовини аввали вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар маҳали Созмони тавсеаи тиҷорат баргузор мешавад.

Ҳамчунин ба манзури тавсеаи беш аз пеш ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мазкур илова бар ташкили кумитаи мазкӯр, боздидҳое низ аз ширкатҳои саноати доруӣ, саноати ғизоӣ, петрошимӣ ва маҳсӯлоти шимиёии Эрон дар дастури кори ҳайати тоҷикистонӣ қарор дорад.

Ин ҳайат ҳамчунин дидорҳоеро бо мақомоти вазорати нерӯ, нафт, ҳамлу нақл ва роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад дошт.

Бо таваҷҷуҳ ба таомулот ва иртибототи хуби сиёсии мақомоти ду кишвар, дар ду моҳи ибтидои соли 1401 ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар бо рушди бисёр хубе мувоҷеҳ буд ва ҳудӯди 30 миллион доллар афзоиш ёфт.