Июн 28, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Тоҷикистон бо риояти қавонини милли ва таъаҳудоти байналмиллалии ҳамкориҳои санъатӣ, маъданӣ ва тиҷориро тақвият кунанд
    Эрон ва Тоҷикистон бо риояти қавонини милли ва таъаҳудоти байналмиллалии ҳамкориҳои санъатӣ, маъданӣ ва тиҷориро тақвият кунанд

Раиси Созмони тавсиаи тиҷорати Эрон ва муовини аввали Вазорати санъати Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар поёни ин сафари ҳайати тиҷории Тоҷикистон ба Эрон, тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои муштараки тиҷорӣ ва санъати миёни Ҷумҳӯрии Исломи Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд.

Тафоҳумномаи ҳамкориро Алиризои Паймонкор муовини вазири САМТ ва раиси Созмони тавсиа ва тиҷорати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Бахтиёри Шарифӣ муовини аввали Вазорати санъат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон имзо карданд.

Бар асоси ин тафоҳумнома, муқарар шуд Эрон ва Тоҷикистон бо риояти қавонини милли ва таъаҳудоти байналмиллалии ҳамкориҳои санъатӣ, маъданӣ ва тиҷориро тақвият кунанд.

Ҳамчунин ду тараф дар бораи табодулоти ҳайатҳои тахасӯсии тиҷорӣ ва бозорёбӣ ба хусӯс дар заминаи баргузории намоишгоҳҳои тахасӯси тафоҳум карданд.

Тафоҳум дар бораи заминаи эҳдоси корхонаи тавлиди санг дар Тоҷикистон, тавсиаи ҳамкориҳо дар заминаи фановариҳои донишбунён ва коҳиши мавонеъи таърифаӣ барои тавсиаи тиҷорат аз дигар мавориде буд, ки тарафайн ба тафоҳум расиданд.  

Барчасп