Мулоқоти Раҳмон ва Путин
Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор сарони ду кишвар дар мавриди вазъияти феълӣ ва фаъолиятҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф баҳсу табодули назар карданд.
Дар ин дидор бо ризоият аз раванди мусбати тавсеаи равобити ду кишвар тайи 30 соли гузашта пас аз барқарории равобити дипломатӣ, бар аҳамияти ҳифзи гуфтугӯҳои сиёсии муназзаму муътабар ва ҳамчунин тамосҳои сатҳи боло таъкид шуд.
Руасои ҷумҳурӣ хотирнишон карданд, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар дар панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 46. 2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ду тараф тавофуқ карданд, ки ба ҳамкорӣ барои густариши бештари равобити тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон ва Русия, бар мабнои суди мутақобил идома диҳанд.
Хотирнишон шуд, ки дар Тоҷикистон иқдомоти зиёде барои ҳифзу тавсеаи забону фарҳанги русӣ иҷро мешавад.
Бунёди панҷ мактаби русизабон дар Тоҷикистон бо ҳамкории Русия бо муваффақият идома дорад ва пешбинӣ мешавад то аввали сентябр баҳрабардорӣ шавад.