Ҳушдори Э. Раҳмон нисбат ба бесубот кардани Тоҷикистон
(last modified Wed, 29 Jun 2022 05:20:07 GMT )
Июн 29, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Э. Раҳмон нисбат ба бесубот кардани Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёме нисбати бесубот кардани авзоъ дар Тоҷикистон аз сӯи неруҳои хориҷӣ ҳушдор дод.

Рӯзи 27 июн, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон Рӯзи ваҳдату оштии миллӣ номгузорӣ шудааст, санади тавофуқномаи ниҳоии сулҳ миёни давлат ва мухолифон ба имзо расид ва ҳар сол бо баргузории маросиме аз ин рӯз таҷлил ба амал меояд.

Ин сулҳ ҳосили дастикам 20 даври музокирот миёни ҳайатҳои ду тарафи даргирӣ дар хориҷ аз кишвар буд, ки аз ин миён 13 даври музокирот бо ширкати ҳайатҳои каршиносӣ ва ҳафт даври он бо ширкати раҳбарони давлату мухолифони вақт доир шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре форсизабон, ки муштаракоти фарҳангиву таърихии зиёде бо Тоҷикистон дорад, нақши боризе дар гуфтугӯҳои сулҳ миёни тоҷикон доштаву мизбони ҳафт даври музокирот буд.

Ба гузориши ИРНА, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баёнияе ба муносибати биступанҷумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии ин кишвар гуфт, бадхоҳони кишвар ва мардум дар дохилу хориҷи кишвар касоне, ки манофеи милливу давлатиро зери по гузоштаву имону виҷдони худро ба арбобони хориҷии худ фурухтаанд, ҳанӯз аз ниёту нақшаҳои худхоҳонаи худ даст барнадоштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон кард, таҷрибаи ҳифзи сулҳи Тоҷикистон ва тазмини ваҳдати миллӣ на танҳо ба омиле барои наҷоти миллати тоҷик табдил шудааст, балки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои таъсиргузори байналмилалӣ ба унвони як дарси таърихии омӯзанда ва таҷрибае беназир дар ҳалли муноқишоту рӯёрӯиҳо шинохта шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум дар чунин шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба аҳамияти ҳаётии сулҳ, оромиш, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пай бибаранд ва аз ин арзиши гаронбаҳо дар канори бузургтарин дастоварди ҷаҳон дифоъ кунанд.