Ҳамзамон бо оддисозии равобити Узбакистон-Тоҷикистон парвозҳои Душанбе-Тошканд аз саргирифта мешавад
Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди азсаргири иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар аз аввали соли ояндаи милодӣ ба тавофуқ расиданд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар барои барқарории парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо имзои санади ҳусни тафоҳум дар ин замина ба анҷом расид.
Тибқи иттилои Юсуф Раҳмон - сардори раёсати ҳавонавардии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар назар аст, ки нахустин парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд дар моҳи январи соли 2017 анҷом шавад.
Юсуф Раҳмон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки парвозҳо миёни ду кишвар аз сӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва ширкати «Узбекистон ҳаво йуллари» сурат хоҳад гирифт.
Ба гутфаи ин манбаъ тибқи санади имзошуда парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ҳамакнун зарур аст, ки миёни Тоҷикистон ва Узбакистон созишномаи байнидавлатӣ дар робита ба иртиботи ҳавоӣ имзо ва тасвиб гардад.
Бояд гуфт, қабл аз ин Валерий Тян - раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон ба расонаҳо гуфта буд, ки парвозҳо миёни Тошканду Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор хоҳанд шуд. Вай афзуд, ки тибқи барномарезиҳои суратгирифта, парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе дар ҷадвали тобистонии ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" ҷой дода мешавад.
Ба гуфтаи коршиносони умури минтақа, ба назар мерасад, ки бо сари кор омадани афроди ҷадид дар раҳбарияти Узбакистон, сиёсати Тошканд дар қиболи ҳамсоякишварҳо таҷдиди назар шудааст.
Гуфтанист парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе дар соли 1992, баъди шурӯи даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буд.
Инчунин баъдан дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон, ин кишвар марзҳояш бо Тоҷикистонро минкорӣ намуда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ кард.
Аммо баъд аз даргузашти раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов, раҳбарияти нави ин кишвар эъломи омодагӣ кард, ки равобиташ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро беҳбуд бахшад.
Ба ин тартиб нахустин мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ баъди тавақуфи чандсола рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ дар Тошканд баргузор шуд.