Афзоиши парвозҳо байни Тоҷикистону Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i87882
Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия қасд доранд теъдоди парвозҳоро афзоиш диҳанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 29, 2022 13:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши парвозҳо байни Тоҷикистону Туркия

Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия қасд доранд теъдоди парвозҳоро афзоиш диҳанд.

Ба гузориши “Форс”, ин матлаб дар дидори Шараф Шерализода, муовини ниҳоди дипломатии Тоҷикистон ва Эмре закӣ Карагёл, сафири Туркия дар Тоҷикистон эълом шуд.

Ин мавзуъ дар чорчӯби густариши бештари равобити тиҷориву иқтисодии ду кишвар баҳсу баррасӣ шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар масири Душанбе – Истанбул 6 парвоз барқарор аст, ки 3 парвозро ширкати ҳавопаймоии «Сомон -Эйр»-и Тоҷикистон ва 3 парвози дигарро ширкати ҳавопаймоии «Туркиш Эйрлойнз» анҷом медиҳад.

Ҳавопаймоҳои “Сомон –Эйр”-и Тоҷикистон сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ва ҳавопаймоҳои “Туркиш Эйрлойнз” душанбе, панҷшанбе ва шанбе парвоз мекунанд.