Вазири дифои Русия: Муносиботи низомии Маскав-Душанбе вориди марҳалаи наве хоҳад шуд
Вазири дифои Русия аз фаро расидани марҳалаи калидӣ дар робита бо ҳамкориҳои низомии байни Маскав-Душанбе хабар дод.
Ба гузориши Спутник, Сергей Шойгу – вазири дифои Русия имрӯз зимни мулоқот бо Шералӣ Мирзо – вазири дифои Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гуфт: Тоҷикистон дар соли оянда аз Русия теъдоди зиёде фанновариҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ барои таъмини субот дар минтақаро дарёфт хоҳад кард.
Ин масъули Вазорати дифои Русия бо баёни инки Маскав ва Душанбе дар соли оянда марҳалаи калидӣ дар робита бо ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва таҳвили силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба Тоҷикистонро оғоз хоҳанд кард, афзуд: Ба таври хос, Русия ба Тоҷикистон дар сол 2017 теъдоди зиёде ҳавопаймо ва болгардҳои низомӣ таҳвил хоҳад дод.
Вай ҳамчунин омӯзиш ва омода кардани афсарон ва мутахассисони низомӣ тавассути Русия ба Тоҷикистонро бахше дигар аз ҳамкориҳои низомии ин ду кишвар донист ва гуфт, то кунун беш аз ҳазор мутахассис барои эъзом ба Тоҷикистон омода ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад дошт.
Шойгу бо ишора ба зуҳури ДИИШ ва дигар созмонҳои террористӣ дар Афғонистон тасреҳ кард, Русия ва Тоҷикистон монанди ҳамеша дар канори ҳам бо терроризми байналмилалӣ муборизаи худро идома хоҳанд дод.
Имрӯз дар Маскав пойтахти Русия, ҳафтодуякумин нишасти шӯрои вазирони дифои кишварҳои мустақили муштаракуламанофеъ баргузор шуд, ки дар кори он Шералӣ Мирзо - вазири дифои Тоҷикистон низ ширкат дошт.