Тасвиби тавофуқномаи бознишастагии атбои тоҷик дар Думаи Русия
Июн 30, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
Думаи давлати Русия тавофуқномаи бознишастагии атбои тоҷикистониро тасвиб кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз Азия-Плюс, ин тавофуқнома, ки 15 сетябр 2021 имзо шудааст, бар асоси аслӣ баробари аст ва масъулияти молии тарафайнро барои ироаи мозиёи бима ва ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт шуда пешбинӣ мекунад.
Ин тавофуқнома шомили афрод ва хонаводаҳое мешаванд, ки шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ин тавофуқнома пардохти анвоъи мустамири бима, ҳуқуқи бознишастагии иҷтимоъӣ ( ба шарте, ки шаҳрвандон дар Русия зиндагӣ ва кор мекунанд), мозиёи иҷтимоъӣ барои дафн ( тарафе, ки шаҳрвандии ҳазинаи дафнро пардохт мекунад) пешбини шудааст.
Барчасп