Интихоби намояндаи Тоҷикистон ба унвони раиси Шӯрои вазирони адлияи ИДМ
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон соли барои 2023 раиси Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардид.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ин тасмим дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи ИДМ иттихоз шуд.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа қарор шудааст, ки ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ, дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид.
Ҷаласаи Шӯрои мазкур таҳти раёсати вазири адлияи Русия Чуйченко Константин баргузор шуда, дар он вазири адлияи Арманистон Карен Андреасян, муовини вазири адлияи Белорус Николай Старовойтов, вазири адлияи Қирғизистон Аяз Баетов ва вазири адлияи Ӯзбекистон Русланбек Давлетов ширкат доштанд.
Бояд гуфт, ки Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.