Июл 27, 2016 14:35 Asia/Dushanbe

Пас аз гузашти муддате аз таътили дафтари Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Тоҷикистон, вазири додгустарии ин кишвар эълом кард: "Фаъолияти ин ниҳод ба далели нақзи муқаррароти Тоҷикистон ба таври муваққат мутаваққиф шуда ва мавзӯъ дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ аст".

Вазири додгустарии Тоҷикистон бо ишора ба қатъи фаъолияти Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ин кишвар гуфт: "Фаъолияти ин ниҳод ба хотири нақзи бархе қавонин ва муқаррароти Тоҷикистон ба таври муваққат қатъ шуда ва мавзӯъ дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ аст".

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Рустами Шоҳмурод имрӯз дар нишасте бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе афзуд: "Барои ҷилавгирӣ аз асаргузорӣ дар раванди расидагӣ ба парванда дар додгоҳ, феълан имкони матраҳ кардани ҷузъиёти тахаллуфоти суратгирифтаро надорем".

Вазири додгустарии Тоҷикистон таъкид кард, ки сарнавишти ояндаи фаъолияти Кумитаи Имдод дар Тоҷикистонро додгоҳ мушаххас хоҳад кард.

Чанде пеш Вазорати додгустарии Тоҷикистон таваққуфи фаъолияти дафтари Кумитаи имдоди Эрон дар ин кишварро хостор шуд.

Дар пайи ин тасмим, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанбе эълом кард: "Фаъолияти Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Тоҷикистон бо дастури сафорат мутаваққиф шудааст.

Фағонӣ афзуд: "Дар шароите, ки мақомоти тоҷик ба фаъолияти ин кумита тардид доранд, мо низ моил нестем, ки ин созмони хайрия хадамоти худро дар ин кишвар идома диҳад".

Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Тоҷикистон аз ҳудуди ду даҳаи пеш то кунун хадамоти густардаеро ба маҳрумони ин кишвар ироа кардааст.

Барчасп