Гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон ва Арабистон
(last modified Sat, 02 Jul 2022 12:58:40 GMT )
Июл 02, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон ва Арабистон
    Гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистон ва Арабистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ дар мавриди сохти корхонаи фароварии маҳсулоти кишоварзӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуъоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қарор аст дар рӯзҳои оянда мақомоти вазоратхонаҳои Тоҷикисон ва Арабистони Саъудӣ ёдошти тафоҳумномаи ҳамкори бо сохти корхонаҳои фароварии маҳсулоти кизоварзиро имзо кунанд.

Ин матлаб дар дидори Саъди Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон эълом шуд.

Эҷоди ширкатҳои фароварии мева, ҷазби сармоягузории бахши Арабистони Саъудӣ, эҷоди гулхона, анбор ва сардхона барои нигоҳ дории мева ва сабзизҷот, тақвияти равобит дар занбурдори, тавлид ва содироти бештари асал ба Арабистони, ҳамкори барои ҷазби сармоягузори аз Арабистон аз мафоди ёдошти тафоҳумномаи байни ду кишвар хоҳад буд.

Ҳамчунин дар ин дидор ҳар ду тараф дар хусуси ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва чашмандози равобити миёни вазоратхонаҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ табодули назар карданд.